Бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба фарҳангу суннатҳои ниёгон, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии фарҳангӣ – тарбиявӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур омӯзгорон, хонандагон ва кормандони муассиса фаъолона иштирок намуда, барномаи рангини фарҳангиро пешкаш карданд. Хонандагон бо қироати шеърҳо дар васфи баҳору Наврӯз, иҷрои сурудҳои дилнишин, саҳначаҳои тарбиявӣ ва рақсу таронаҳои миллӣ ҳозиринро шод гардониданд.
Ҳамзамон дар саҳни муассиса гӯшаҳои идона ва дастархони наврӯзӣ ороста шуда, анъанаҳои миллии мардуми тоҷик, аз ҷумла омода намудани таомҳои миллию наврӯзӣ ба намоиш гузошта шуд.
Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, тарғиби арзишҳои фарҳангӣ ва пос доштани суннатҳои неки ниёгон дар байни хонандагон мебошад.
Дар фарҷом роҳбарияти муассиса ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуда, ба онҳо саломатӣ, комёбӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу намуд.
Нишон
Парчам
Суруди миллӣ



